ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Роҳбари дастгоҳи раиҷумҳури Русия бо ишора ба лоиҳаҳои ин кишвар дар Қирғизистон, аз омодагии комил барои сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар қаламрави ин кишвар хабар дод.
Сергей Прихотко, муовини роҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Русия бо ишора ба лоиҳаҳои ин кишвар дар Қирғизистон изҳор дошт, Маскав ҳамчунон алоқаманд ба сохти 5 нерӯгоҳи барқӣ - обӣ дар ин кишвар аст, аммо барои иҷрои ин лоиҳа давлати Бишкек бояд чанд қонунро риоят кунад.
"Роғун" тайи якуним моҳ 100 миллион кВт. соат нерӯи барқ тавлид кард
Хабаргшузории Parstoday меафзояд, агар давлати Қирғизистон ҳазинаҳои ширкати "Русгидро" ба арзиши 37 миллион долларро пардохт кунад ва буҷаи лоиҳаҳо байни 2 кишвар тақсим шавад, Русия омодааст дар ин кишвар нерӯгоҳи обӣ созад.
Чархаи дуюми НБО Роғун рӯзи 9 - уми сентябр бо иштироки Раҳмон фаъол мешавад
Зимнан гуфта мешавад, ки тавофуқномаи сохти нерӯгоҳҳои хурду бузург байни давлатҳои Русия ва Қирғизистон ҳанӯз соли 2012 ба тасвиб расида буд.