ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар ин нома Донад Трамп Эмомали Раҳмонро ба муносибати 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик кардааст.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:
"Муҳтарам Президент Раҳмон. Мояи хушнудии ман аст, ки аз номи мардуми Амрико мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлол табрик намоям.
Тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо сарфарозӣ дастгирии соҳибистиқлолӣ ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.
Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати тақкими амнияти байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол менамоем.
Иёлоти Муттаҳида пуштибонии худро аз фаъолияти Тоҷикистон дар самти расидан ба ояндаи дурахшон идома хоҳад дод".