Ноиби сарвазир дар назди пайкараи Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузошт - акс

© Котиботи раиси ВМКБМуовини сарвазир бар пояи муҷассамаи Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузошт
Муовини сарвазир бар пояи муҷассамаи Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузошт  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ноиби сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар назди пайкараи Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншоҳ Шотемур гулчамбар гузошт

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Хоруғ муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар назди пайкараи Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншоҳ Шотемур гулчамбар гузоштанд.

Дар ин бора котиботи мақомоти иҷроияи ВМКБ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба хотири ширкат дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 28 умин солгарди истиқлолият ба шаҳри Хоруғ омадааст.

Суҳбати писари Шириншоҳ: аз қитиқи пойи падар то саргузашти оила баъди "террор" - акс

Ҳамчунин дар ин росто, ба фаъолони ҳукуматӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0