ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар мавсими бозиҳои чемпионат оид ба футбол яке аз футболбозони қавии дастаи “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмадов тасмим гирифтааст тимашро тарк кунад.
Имкон дорад баъд аз тарки дастаи “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмадов ба дастаи футболи “Алай”-и Қирғизистон ҳамроҳ шавад. Бино бар иттилои баъзе аз расонаҳо инчунин Аҳмадов метавонад ба дастаи Ал-Насри Умон ҳамроҳ шавад.
Ҳимчунин баъзе аз расонаҳо хабар доданд, ки дигар футболбози тоҷик Комрон Турсунов ба Ҳоланд рафтааст ва метавонад ба тими футболи “Утрехт” пайвандад.
Ёдрас мешавем, ки Комрон Турсунов ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими “Истиқлол”-ро тарк кард ва ба муҳлати се моҳ барои такмили малака ба Ҳоланд рафт.
Агар ӯ дар ин муддат тавонад малакаву тавонии худро нишон диҳад метавонад дар ҳамон тим бимонад.
Бояд қайд амуд, ки тобистони соли равон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ду футбоз аз Русия шартнома баст. Ҳамин тавр, ба дастаи мазкур ду футболбози ҷадид, Хуршед-Тимур Ҷураев аз тими “Рубин”-и Қазона ва Ҷамшед Раҳмонов аз “Локомотив”-и Маскав ҳамроҳ шуд.