Ҳаво дар Тоҷикистон якбора номусоид мешавад: дар рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлол

© SputnikПохолодание в Душанбе, архивное фото
Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавошиносон хабар доданд, ки дар Тоҷикистон ҳаво дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлол якбора номусоид гашта, ҳарорат то 7-9 дараҷа паст мешавад

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони кишвар мерасонад, ки аз  9  то 10  сентябр дар ҷумҳурӣ  ҳаво якбора номусоид  мешавад. Дар ин бора оҷонсии "Ховар" гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо паст шудани ҳарорати ҳаво то 7-9 дараҷа дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба истиснои ВМКБ чангу ғубор мефарояд.

Праздничный концерт в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Консерти ситораҳои тоҷик барои сокинони пойтахт дар рӯзи Истиқлолият

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 13+18  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона  19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар Тоҷикистон тадобири амниятӣ пурзӯр мешавад

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15  ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо   суръати 4-9 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 10+12 ва  рӯзона 29+31  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0