ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ду ҷавони 22 солаеро ҷустуҷӯ доранд, ки марди 27-солаи сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, 5 маротиба ба қисмҳои гуногуни баданаш корд зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ахиран Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 27-солаи сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт ворид гардидаас.
Номбурда шикоят намудааст, ки санаи 5-уми сентябри соли равон, тахминан соати 02:30- дақиқа, дар кӯчаи мазкур марди 22-солаи сокини кӯчаи Қазоқон, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд ва марди 22-солаи ҳамсоя аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо олоти халандаю буранда 5 маротиба ба қисмҳои гуногуни баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тавре манбаъ қайд намудааст, дар натиҷа, номбурда ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома доранд.