ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Пас аз сипарӣ шудани даври аввал дар гурӯҳи F мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Сабқати тими футболбозони Тоҷикистон бо мунтахаби Қирғизистон дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Навори голзании Ҷалилов, ки тими Қирғизистонро шикаст дод - видео
Ин нахустин бозии гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон -2022 дар гурӯҳи "F" мебошад. Дар бозии мазкурфутболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд ва ягона голи дастаро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба самар расонид.
Бояд гуфт, ки дмунтахаби Муғулистон низ бо касби се хол дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.
Бозии навбати мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Муғулистон рӯзи 10 - уми сентябр баргузор мешавад.