ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Чеченистон сохтмони бузургтарин Маркази исломӣ оғоз ёфт. Ин марказ бузургттарин маҷмааи илмиву маърифатӣ дар Русия дониста хоҳад шуд, иттилоъ додааст раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифаи “Вконтакте”.
Маълум шудааст, ки ба иншооти мазкур номи шайх Довуд-Ҳоҷи Ҳоҷимусоевро гузоштанд. Сармоягузори ин лоиҳа Бунёди ҷамъиятии минтақавии ба номи Аҳмад Ҳоҷи Қодиров мебошад.
Марказ наздикии шаҳри Грозний сохта мешавад. Қарор аст, дар маркази мазкур олимони шинохтаи мазҳабии дунё дарс хоҳанд дод.
“Марказ дар омӯзиши корҳои эмому олимони бузурги Ховари наздик, Осиёи миёна, устодон ва шайхҳои Чеченистон нақши муҳимеро бозӣ хоҳад кард”, - таъкид намудааст Қодиров.
Дар Маркази исломӣ утоқҳои дарсӣ, китобхона бо китобҳои адабиёти исломӣ, масҷид барои даҳҳо ҳазор намозгузорон ва мадрасаҳо сохта мешавад.
Инчунин, роҳбари Чеченистон гуфт, ки марказ бо ороишҳои хоси меъморӣ сохта мешавад.
Дар ҳоли ҳозир сохтмончиён ба бунёди иншооти мазкур оғоз намуданд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран дар шаҳри Шалии Чеченистон баландтарин масҷид дар Аврупо сохта шуд.