ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Интизор меравад раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 7 - уми сентябр озими Вашинготон шавад ва бо президенти ин кишвар Доналд Трамп мулоқот намояд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.
Манбаъ қайд мекунад, ки Ашраф Ғаниро дар ин сафар 13 нафар аз намояндагони ҳукумати Афғонистон ҳамроҳӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан Амрико ва ҳаракати Ҷунбиши Толибон сари созишномаи сулҳ, ки аз 11 банд иборат аст, ба мувофиқа расиданд.
Мақомоти афғон Толибонро дар марз мағлуб намуданд ва минтақаи Чоҳобро бозпас гирифтанд
Акнун пас аз он ки ҳамаи шартҳои созишномаро раисҷумҳурони ду кишвар Доналд Трамп ва Ашраф Ғанӣ ба тасвиб мерасонанд, қарордодро ҷониби котиби давлатии Арико Майк Помпео ва роҳбари дафтари сиёсии ҷунбиши Толибон дар Доҳа Мулло Бародар имзо хоҳанд кард.
Писари Аҳмадшоҳи Масъуд хостори ташкили эътилоф зидди Толибон шуд
Қобили зикр аст, ки намояндагони Амрико ва Толибон аллакай дар Қатар нӯҳ даври музокиротро паси сар карднд. Дар ҷараёни муҳокима тарафҳо кӯшиш карданд, ки ҷадвали хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон бар ивази кафолати ҷониби афғон, ки онҳо ба Амрико ва дигар кишварҳо ҳамла намекунанд, ба мувофиқа расонанд.