ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар яке аз биноҳои сохтмонии вилояти Ленинградский як сохтмончӣ, ки аз Тоҷикистон будаст, аснои кор аз ошёнаи 7 - ум ба поён сарозер мешавад, хабар медиҳад сомонаи 47 News.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 4 - уми сентябр тақрибан соати 13:00 дақиқа дар бинои сохтмонии 14 ошёна воқеъ дар шаҳри Муринаи ҳамин вилоят рух додаст.
Кафшергари тоҷикистонӣ дар Ханта- Мансийский аз зарби пояи 3,5 метра ҷон аз даст дод
Гуфта мешавад, муҳоҷири 22 - солаи тоҷик, ки дар сохтмони мазкур кор мекард аз ошёнаи 7 - ум ба замин сарозер мешавад ва дар ошёнаи 2- юм болои дастгоҳи ҳавософкунӣ меафтад.
Зимнан чанде пеш ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон хабар дод, ки муҳоҷири сарозершуда ба ҳалокат расидаст.
Марҳум Собитов Ҳикматхӯҷа Муҳиддинхӯҷаев сокини шаҳри Исфара будааст.
Муҳоҷири тоҷик дар як сохтмони шаҳри Маскав ба ҳалокат расид
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл низ дар яке аз биноҳои сохтмонии Русия ду муҳоҷири тоҷикистонӣ ба чоҳи лифт сарозер шуданд ва хушбахтона зинда монданд.