Ноамн нагӯед: Ёдгор Файзов норозигияшро аз эълони Ҳукумати Бритониё ба сафир гуфт

© дафтари матбуоти Ҳукумати маҳаллии ВМКБЁдгор Файзов, раиси ВМКБ дар мулоқот Метю Лоусон, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар мулоқот Метю Лоусон, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мулоқот бо Метю Лоусон, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон аз эълони ин кишвар дар сомонаи сафоратҳояш изҳори норозигӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Файзов дар мулоқот бо Лоусон аз он, ки феълан сафоратҳои ИМА ва Британияи Кабир дар сомонаи расмии худ Тоҷикистонро кишвари ноамн ва барои сайёҳон рафтан ба Тоҷикистон тавсия намедиҳанд, изҳори нигаронӣ кард.

Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Посухҳои раиси ВМКБ ба сафир: роҳи пешгирии таъсири бади Афғонистон то мушкили соҳибкорон

Дар посух Лоусон гуфт, ки ин масъаларо ҳатман тавассути сафорат ба Ҳукумати Британия барои таҳлил пешниҳод хоҳад кард ва бо кадом сабаб ин масъаларо дар сомонаи расмӣ ҷой доданд,  ҳатман ба мақомоти ВМКБ хоҳад расонд.

Дар баробари ин Файзов гуфтааст, масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо, ки ниёз ба ҳаллу фасл доранд, зиёданд ва чанд адади онҳоро ном бурдааст.

“Инҳо омӯхтани забони англисӣ, дифои рисолаҳои илмӣ – “MD, PHD” дар донишгоҳҳои олии Британияи Кабир, масъалаи ширкати ташкилоти хориҷӣ ва хусусии Британияи Кабир дар азхудкунии сарватҳои табиӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди сектори хусусӣ, кам кардани оқибатҳои офати табиӣ мебошанд”, - изҳор доштааст Файзов.

Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб

Котиботи мақомоти иҷроияи ВМКБ иттилоъ дод, ки Лоусон пешниҳодҳои раиси вилоятро  қобили қабул дониста, изҳори боварӣ намудааст, ки ҳамкории Ҳукумати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боз ҳам рушд хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0