Конибодом: сабаби таъхири хонасозӣ ба зарардидагони сел маълум шуд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом шинос гардид
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом шинос гардид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор буд, дар моҳи август чанд манзили навсохт, барои сокинони зарардида аз борони сел дар шаҳри Конибодом ба истифода дода шавад, аммо камбуди маблағ сабаби ба таъхир мондани корҳои сохтмонӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Зарурати сохтмони хонаҳои нав барои сокинони ҷамоатҳои Ортиқ Ҳамробоев ва Пӯлотони шаҳри Конибодом дар ҳоле ба вуҷуд омад, ки борони сели шаби 2 ба 3-юми июн, ҳудуди 20 хонаи сокинонро ба пуррагӣ вайрон карда, даҳҳо сар чорворо бо худ бурд. Бар асари ин офати табиӣ, ҳудуди 40 манзили дигар дар шаҳри Конибодом хароб ва даҳҳо адад нақлиёти сокинон корношоям гардид.

Последствия селевых потоков в Канибадаме - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Афғонистон минбаъд алайҳи офатҳои табиӣ муборизаи муштарак мебаранд

Як манбаъи огоҳ аз рафти бартарафкунии паёмадҳои офати табиӣ дар шаҳри Конибодом, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, мушкили камбуди маблағ, сабаби ба таъхир мондонаи корҳои сохтмонӣ шудааст.

“Дар моҳи август корҳои сохтмонӣ бояд ба охир мерасиданд ва сокинон ба хонаҳои нав медаромаданд, аммо азбаски зарар калон буд ва мушкили маблағ ба миён омад, корҳои сохтмонӣ дар вақташ иҷро нашуданд. Ҳоло 90% корҳо иҷро шудаанд ва то моҳи октябр сокинон ба хонаҳои нави худ медароянд”, -  гуфт манбаъ.

Комиссияи бартарафкунии паёмадҳои офати табиӣ, рӯзи 12-уми июн хисороти расида аз борони сел дар ҷамоатҳои Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотони шаҳри Конибодомро  дар маҷмӯъ 8 милиону 345 ҳазору 329 сомонӣ ҳисоб карда буд.

Учения КЧС РТ - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: дар натиҷаи офати табиӣ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ҳалок шудаанд

Мақомот ва сокинон рухдоди ин офати табиӣ дар шаҳри Конибодомро камсобиқа давоми даҳсолаҳои охир маънидод карда буданд.

Бино ба иттилоъи расмӣ, барои бартарафкунии паёмадҳои ин офати табиӣ аз ҳисоби ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Суғд беш аз 300 тонна семент, 99 ҳазор дона хишт фиристода шудааст. Дар умум барои корҳои бартарафсозӣ 20 тонна маводи сӯзишворӣ дастрас карда шудааст.

Дар паи рухдоди ин офати табиӣ рӯзи 8-уми июн, Раҷаббой Аҳмадзода,  раиси вилояти Суғд аснои сафараш  ба шаҳри Конибодом, якҷо бо масъулини шаҳр аз рафти корҳои бартарафсозии офати табиӣ ҷаласа орост.

Сход селей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаҷми хисорот аз сел ҳисобида шуд

Дар ин сафараш Аҳмадзода масъулинро вазифадор намуд, то ба сокиноне, ки бар асари офати табиӣ хонаҳояшон пурра вайрон шудааст, то моҳи август сохтмони 20 манзили навро ба анҷом расонида, беш аз 40 манзили харобргаштаро аз асароти селро таъмир намоянд.

Масъулин аз шаҳри Конибодом мегӯянд, азбаски зарари расида аз офати табиӣ зиёд буд, барои бартараф кардани он ба мушкилиҳои зиёд дучор шудаанд, аз ҷумла ба мушкили камбуди маблағ, ки сабаби ба қафо мондани корҳои сохтмонӣ гардидааст.

То ин замон шуморе аз хонаҳое, ки аз таъсири офати табиӣ қисман хароб гашта буданд, бо кӯмаки соҳибкорону саховатмандон, ҳукумати шаҳри Конибодом  ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд таъмир карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0