ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз назди бинои Раёсати амнияти милли Афғонистон дар шаҳри Кобул мошини бомбгузоршуда мунфаҷир шудаст, хабар медиҳад РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, дар натиҷаи таркиши мазкур дасти кам 8 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Тибқи гузоришҳои ахир бар асари таркиш беш аз 30 нафар ҷароҳат бардоштанд.
#Taliban claim Today's attack in Shahshakdarra #Kabul
— Farzana Shah (@Jana_Shah) 5 сентября 2019 г.
As per #TTA statement Directorate 40 of #NDS was targeted with an aim to take out foreign troops. #Afghan Police District 9 witnessed yet another VBIED attack.
12 foreigners & 8 NDS operatives killed,Say Taliban. #Afghanistan pic.twitter.com/tlVpknXqbL
Феълан макони таркишро кормандони пулис муҳосира намудаанд ва гуфта мешавад 12 адад мошин, ки дар гириди бинои мазкур қарор дошта буданд, корношоям гардиданд.
Таркиши бомб дар Кобул ҷони 16 касро рабуд ва беш аз 100 нафарро маҷрӯҳ кард
Зимнан хабар дода мешавад, ки Шоҳшакдарра, ки ҳадафи ҳамлаи толибон қарор гирифтаст дар ин макон дафтари НАТО, сафорати Амрико ва чанд идораи давлатӣ воқеъ аст.
Пас аз сар задани ҳамлаи интиҳорӣ ҷангиёни Толиб масъулияти ҳамалотро ба уҳда гирифтанд.