Раҳмон иҷозат дод: машқи густурдаи низомиён алайҳи хатарҳо дар Суғд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тамрини густурдаи низомиён дар вилояти Суғд бо иҷозати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, ки ҳадафи он санҷиши мақомот барои истодагарӣ алайҳи хатарҳои эҳтимолӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Мақомоти Суғд, иттилоъ доданд, ки бо иҷозати раисиҷумҳур аз 3 то 5-уми сентябри соли 2019 дар машқгоҳҳои низомии “Чорухдаррон” ва “Нурафшон” тамрини муштараки стратегии Қӯшунҳои гарнизони Суғд ва Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 баргузор гардид.

Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Узбакистон боз размоиши ҳарбӣ доир мекунанд

Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Суғд, ҷамъбасти машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ 5 сентябр бо иштироки Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар машқгоҳи низомии “Чорухдаррон” доир шуд.

Дар иттилоия, таъкид шудааст, ки ҳадафи баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ, сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамъбасти тамринот гуфт, қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯз қодиранд, манфиатҳои давлатро ҳимоя  намоянд.

“Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишварашро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад”, - изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон
Путин ва Раҳмон метавонанд дар размоиши бузурги низомӣ "Марказ-2019" иштирок намоянд

Раиси Суғд гуфт,  иштироки ҳазорҳо афсару сарбозони дар эҳтиётбуда шаҳодат медиҳад, ки мардони асили тоҷик дар сурати пайдо шудани зарурат ба ҳимояи Ватан омодаанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ рутбаҳои навбатӣ, медалу Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар машқҳо тамоми ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, қувва ва воситаҳои Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3, инчунин ҳайати роҳбарикунанда аз Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ҷалб шуданд.

Лентаи хабарҳо
0