Ҷопон барои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе- Бохтар 31 миллион доллар ихтисос дод

© SputnikРемонт дороги, архивное фото
Ремонт дороги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маблағи ихтисосдодаи Ҷопон барои бозсозии роҳи Қизилқалъа - Бохтар масраф хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik.  Ба иттилои намояндагии Агентии JICA дар Тоҷикистон, созишномаи қарзиро вазири молияти Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба Ҳамкории Байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Ҳидки Танабе  ба имзо расониданд.

Асфальтоукладчик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарти вазир ва ваъдаи паймонкор: таҷдиди роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб оғоз шуд

Бар хабари манбаъ, ҷониби агентии Ҷопон барои амалӣ намудани лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингузари Душанбе - Бохтар қитъаи Қизилқалъа - Душанбе наздики 31 миллион доллар ихтисос додаст.

Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ таҷдиди роҳи Бохтар –Данғара –Кӯлобро баррасӣ доранд

Зимнан дар ҷараёни ба имзо расондани созишномаи қарзӣ вазири молияи Тоҷикистон ба ҷаноби Хидки Танабе изҳори миннатдорӣ намуда, аҳамияти ҳамкориҳои минбаъдаро дар барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои дигар дар кишвар таъкид кард.

Соҳибкор бо пули худаш 6 километри роҳи ноҳияи Ҳамадониро мумфарш кард

Дар ҳоле, ки роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар барқарор карда мешавад, тамоми роҳи пайвасткунандаи Душанбе-Панҷи поён низ такмил хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0