Вакилони парлумон ба мулоқот бо мардум мераванд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан, архивное фото
Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони парлумони Тоҷикистон бо мақсади гузарондани мулоқоту суҳбатҳо бо интихобкунандагон як ҳафта ба шаҳру навоҳӣ мераванд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумон, вакилон аз 10 то 18 сентябри соли равон бо интихобкунандагони худ суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд.

Производство цемента. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Аз корхонаи семент то масъалаи кони нуқраи “Якҷилва”: баррасии ду созишнома дар Парлумон

Муҳамадато Султонов, котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба "Ховар" хабар додааст, ки мулоқоту суҳбатҳои мазкур дар асоси  дастури Маҷлиси намояндагон сурат мегиранд.

"Дар ин муддат вакилони мардумӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар карда, бо интихобкунандагон вомехӯранд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки тайи як ҳафта вакилони Маҷлиси намояндагон дар вохӯриҳои худ нуктаҳои паёми раисиҷумҳур, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат,  санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, шарҳ медиҳанд.

Котиботи парлумон таъкид намудааст, ки мавзӯъҳои вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармоягузориву рушди бемайлони соҳибкорӣ ва амалигардии ҳадафҳои стратегӣ дар мулоқоти вакилони мардумӣ бо интихобкунандагонашон баррасӣ хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0