ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар Чемпионати мазкур мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар – 5 нафар аз рӯи намуди куштии юнонӣ-римӣ, 6 нафар аз рӯи куштии озод бо роҳбарии сармураббиён Олимов Абдурозиқ ва Беков Фаррух иштирок мекунанд, хабар додааст Кумитаи олимпӣ аз қавли Федератсияи куштии Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, 3 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи куштии озод ба шаҳри Нурсултон сафар кард ва то оғози чемпионат ба машғулиятҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта мешавад.
Дастаи мунтахаби куштии юнонӣ-римӣ бошад, бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомадӣ машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудаанд, омадааст дар иттилоия манбаъ.
Чемпионати мазкур аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад ва варзишгароне, ки дар вазнҳои олимпӣ то ҷои шашумро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
Чемпионат аз рӯи 30 вазн – 10 вазн куштии озод, 10 вазн куштии юнонӣ-римӣ ва 10 вазн куштии бонувон сурат мегирад, вале дар ҳар се равия 6-вазнӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст.
Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби дар риштаи куштии озод - Икромов Муҳаммад-вазни 57кг, Шарифов Ҷамшед - 61кг, Файзиев Абдулқосим - 65кг, Қодиров Баҳодур - 86кг, Искандари Рустам - 97кг, Анақулов Фарҳод - 125кг ва дар тими куштии юнонӣ – римӣ паҳлавонҳо - Мазитов Ислом - 60кг, Ахмедов Мубинҷон - 67кг, Зуҳуров Ҳабибҷон - 72кг, Исмоилов Муҳаммад - 77кг, Охонов Тоҳир - 87кг шомил шудаанд.