ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар "Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Лаҳистон" баргузор мегардад.
Тоҷикистону Лаҳистон роҳу чораҳои густариши ҳамкориҳои дусӯяро баррасӣ карданд
Тавре манбаъ қайд намудааст, шоми 12 сентябри соли равон соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Полша" баргузор мегардад.
Дар барномаи мазкур сарояндаи номии лаҳистонӣ Анита Фигел ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақси миллии назди Академияи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Юзеф Пилсудскийи Лаҳистон рақсу суруд ва оҳангҳои халқиву анъанавӣ, инчунин санъати касбиашонро манзури тамошобинони тоҷик мегардонанд.
Дар Душанбе Ҷашнвораи сеюми филмҳои Лаҳистон баргузор мешавад
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, барои дӯстдорони санъати тасвирӣ дар даромадгоҳи театр намоишгоҳи аккосӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар асри XIX аз дурбини Леон Баршчевский” ташкил мегардад, ки дар он осори аксбардори мазкур ба маъраз гузошта мешаванд.