Навори муноқишаи миёни тоҷикону қирғизҳо: "ӯ метавонад маро кушад" - видео

Обуна шудан
Байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯхи шаҳри Исфара ва деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон муноқиша сар зад

Сухангӯи ҳукумати Исфара Иқбол Илёсзода аз муноқишаи нав дар марзи Қирғизистон Тоҷикистон хабар дод.

Ин муноқиша, рӯзи 3 сентябр байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯхи шаҳри Исфара ва деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон муноқиша сар задааст. Таниши марзӣ ба навор афтодааст.

Навор нӯҳ дақиқа давом карда, аз он дида мешавад, чигуна намояндагони мақомоти Қирғизистон бо силоҳ дар он тарафи роҳ истодаанд.

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Вазъият мураккаб аст: муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамчунин дида мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад роҳи ин минитақаро мумфарш кунад, вале сокинони Қирғизистон ба ин кор монеъа мешаванд.

Ҳатто боре садои тир ҳам шунида мешавад.

Ҷое ҳам наворбардор аз силоҳи дасти марзбонони Қирғизистон нигаронӣ карда мегӯяд "ӯ метавонад маро озодона тир занад".

Бино бар иттилои расида ҷониби Қирғизистон, аниқтараш сокинон ва марзбонони қирғиз ҳатто монеъи ба маҳалла ва хонаҳои худ рафтани сокинони маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ шуда истодаанд, ки вазъиятро мураккаб намудааст.

Роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар макони ҳодиса ҳузур дошта баҳри ба эътидол овардани вазъият корбарӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0