Сокинону мақомот ду кӯчаи шаҳри Конибодомро мумфарш мекунанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаОбновление дорог на территории поселка Яван
Обновление дорог на территории поселка Яван - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯчаҳои ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ва Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом аз ҳисоби сокинону мақомоти шаҳр мумфарш мешавад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ва Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтраи матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Ремонт дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор бо пули худаш 6 километри роҳи ноҳияи Ҳамадониро мумфарш кард

Бино бар иттилои манбаъ, кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони маҳалла ба дарозии 700 метр мумфарш карда мешавад. Барои анҷоми корҳо 175 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида шудааст.

Кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ бошад бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 1 млн. 920 ҳазор сомонӣ ва ба дарозии 1,2 км мумфарш мегардад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони шаҳр иброз дошт, ки чун дар дигар шаҳру ноҳияҳо дар Конибодом низ омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи нақшаи сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармим то соли 2021 дар шаҳр 506 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла соли равон 178 мавриди истифода қарор мегирад, ки барои беҳтар шудани вазъи зиндагии даҳҳо хонавода мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0