Полковник ба хонандагони Душанбе аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ гуфт

© © Sputnik / Амир ИсаевШкольники на первом школьном дне в Душанбе
Школьники на первом школьном дне в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода хонандагони макотиби пойтахтро аз оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ кард

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бахшида ба “Рӯзи дониш” рӯзи 1-уми сентябр, роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ба мактабҳои пойтахт рафтаанд.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла, кормандони хадамоти мазкур бо хонандагони муассисаи таълимии №1, Муассисаи таълимии хусусии литсейи “Роҳнамо” ва МТМУ №21-и пойтахт вохӯрӣ доир намудаанд.

Рӯзи дониш дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи якшанбе ҳама ба дарс: гузориши аксӣ аз рӯзи дониш дар Душанбе

Тибқи иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат бо хонандагоне, ки бори нахуст ба муассисаи таълимӣ қадам гузоштанд, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корхои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор кайд кардааст, ки "омӯзгорон барои шумо фарзандон азиз, падару модари маънавӣ маҳсуб меёбанд, зеро шумо аз онҳо ҳарфи аввал меомӯзед". 

Дар идомаи суханронӣ зикр гардидааст, ки саҳми намояндагони илму адаб баҳри тарбияи наслҳо беандоза буда, дар ҳама давру замон аз худ нақши муассир мегузоранд.

"Таълиму тарбия ва омӯхтани илму дониш, ки яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор меравад, зери таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати андухтани донишу маърифат тамоми шароити таълимӣ фароҳам оварда шудаааст", - гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин, Фаттозода ба хонандагони синфҳои болоӣ аз оқибатҳои фоҷиабор ва даҳшатноки ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, иброз доштааст, ки ҳар як сокини кишвар бояд ба қадри Ваҳдат ва якдилӣ расида, баҳри пойдории он саҳмгузор бошад.

Лентаи хабарҳо
0