ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, хабар додааст, ки дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабру бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 21+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавошиносон ҳавои тағйирёбандаву беборишро пешгӯӣ карданд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабру бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.