Кормандони ширкати “Насим-2017” корхонаи худро ғорат карданд

CC0 / Pixabay / Взлом двери, архивное фото
Взлом двери, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия дар шаҳри Конибодом чаҳор нафареро дастгир намуданд, ки дар дуздии сӯзишворӣ аз анбори корхонаи “Насим-2017” айбдор мешаванд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik.Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, кормандони милитсия дар шаҳри Конибодом се нафар корманди феълӣ ва як нафар собиқ корманди ширкати “Насим-2017”-ро, ки дар  дуздии 10 ҳазор литр сӯзишвори аз анбори корхона айбдор дониста мешаванд дастгир намудааст.

Цистерны с топливом - Sputnik Тоҷикистон
Дуздии “систерна”-и оҳанини 20-тоннагӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД дар шаҳри Конибодом раиси ҶДММ “Насими-2017”, муроҷиат намудааст, ки аз моҳи июн то санаи 31-уми августи соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз анборхонаи нуқтаи фурӯши сӯзишвориаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Патар, 10 ҳазор литр сӯзишвориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Тавре раиси ширкат таъкид доштааст, зарари расонидаи дуздон 77 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

“Кормандони милитсия 4 нафар шаҳрвандони аз 18 то 32-солаи сокинони шаҳри мазкур: 1 нафараш собиқ корманди ҳамин корхона ва 3 нафараш кормандони ҶДММ “Насими-2017” бо гумони дуздии сӯзишвории мазкур дастгир карда шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Дар ҳоли ҳозир, бино бар иттилои манбаъ, нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0