Даргузашти мутарҷими Қуръон Валерия Порохова дар Маскав

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПереводчик Корана Валерия Прохорова
Переводчик Корана Валерия Прохорова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими ҷанозаи Валерия Порохова рӯзи 4 сентябри соли равон дар Масҷиди марказии Маскав воқеъ дар “Проспект Мира” баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Матарҷими маъруфи Қуръон Имон Валерия Порохова, дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам чам пӯшид.

Дар ин бора дар саҳифаи Фейсбукаш ходими шинохтаи мазҳабӣ ва сиёсии Русия Алӣ Вячеслав Полосин хабар додааст.

“Имон Валерия Порохова моро тарк кард...вай аз оилаи дворянҳои рус буд, ки Сталин онҳоро бадарға кард. Ӯ дар ғарибӣ ба дунё омада буд. Роҳи душвореро дар зиндагӣ убур карду ба Ислом расид. Вай на танҳо Қуръонро ба забони русӣ тарҷума кард балки зебогии Қуръон ва исломро нишон дод. Ӯ ба мо некиву инсондӯстиро, ки ҷамъият фаромуш карда буд ба ёд овард”, - навиштааст вай.

 
Шӯрои муфтиёти Русия ба наздикони Валерия Порохова таъзияи худро баён кард. Муфтии Русия шайх Равил Ғайнуддин ба хонаводаи Прохорова низ таъзия баён намуда, таъкид намудааст, ки ӯ ягона мутарҷими Қуръон ба забони русӣ  дар ҷаҳон буд.

“Ман ба шавҳар Муҳаммад ал-Рашид ва аҳли хонаводаи Валерия Порохова, ҳамдардӣ баён мекунам. Худованд ба наздикони ӯ тоқату сабр диҳад”, - таъкид намудааст вай.

Имон Валерия Порохова, ҳамчун мутарҷими бо таҷриба ва яке аз ходими дини Ислом дониста мешавад. Вай ҳамчун муаллифи тарҷумаи Қуръон ба заболни русӣ машҳур аст.

Бояд қайд намуд, ки соли 1985 Порохова ҳамроҳ бо шавҳараш аз Маскав ба Димишқи Сурия кӯч баст ва дини исломро қабул кард. Пас аз қабули дини Ислом ӯ номи Имонро интихоб кард.

Ӯ ба тарҷумаи Қуръон ба забони русӣ пас аз 6 сол аз қабули дини Ислом шурӯъ кард.

Ҷанозаи Имон Валерия Порохова рӯзи 4 сентябри соли равон дар масҷиди марказии Маскав баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0