Аҳмадзода аз ширкати амрикоии “Миг Юнайтед” чӣ хост?

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо масъулини ширкати амрикоии “Миг Юнайтед” эълон кард, ки то соли 2021 танҳо дар вилояти Суғд беш аз 300 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо муассисони ширкати амрикоии “Миг Юнайтед” Бурдей Ричард ва Олга Аранштенро мулоқот кард.

Зимни мулоқот Раиси вилоят таъкид гардид, ки то соли 2021 танҳо дар вилояти Суғд беш аз 300 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Аҳмадзода ба мансабдорон: сохтмони иншоотҳо бояд бо сифати баланд анҷом ёбанд

Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки масъулини вилоят омода ҳастанд ҳамкориҳоро бо сармоягузорони хориҷӣ тақвият бахшида, барои таъсиси корхонаҳои муштарак аз тамоми имкониятҳо истифода намояд.

“Дар аснои мулоқот иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти ширкати “Миг Юнайтед” ба коркард ва истихроҷи маъданҳои куҳӣ нигаронида шуда, ширкат дар асоси созишнома ба ҶДММ “Дион Ангишт”, ки дар шаҳри Панҷакент воқеъ аст, ба мабалағи 1,5 млн. доллар сармоягузорӣ намудааст”, - таъкид намуд манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, маблағи мазкур барои азнавсозӣ ва беҳтар сохтани вазъи истихроҷ равона карда мешавад.

Тавре дафтари матбуоти вилояти Суғд қайд намудааст, сармоягузорон барои тақвияти ҳамкориҳо ҳавасмандӣ пайдо карданд.

Дар интиҳои суҳбат тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо тарҳрезии нақшаҳои зарурӣ лоиҳаҳои судмандро амалӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0