Вазорати тандурустӣ гуфт, модарони тоҷик бисёр таваллуд мекунанд

CC0 / Pixabay / Малыш в кроватке, архивное фото
Малыш в кроватке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳамоно минтақаи бо таваллуди зиёд боқӣ мемонад, гуфт Узоқова Уруна, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ҷаласа оид  ба таҳлили фавти модарон дар соли 2018 ва 6 моҳи соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Узоқова Уруна Ҷурабоевна, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ баромад намудааст.

"Тоҷикистон минтақаи бо таваллуди зиёд боқӣ монда, дар кишвар ҳамасола беш аз 200 000 нафар кӯдак таваллуд мешавад", - гуфтааст Узоқова.

Умарзода Саида Гайрат - Sputnik Тоҷикистон
Супориши қатъии Умарзода ба зердастонаш барои муоинаи навхонадорон

Аз ҷумла дар 6 моҳи аввали соли 2019 то ба 976 нафар кӯдак нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд таваллуд шудааст, яъне 106 436 зиндатаваллудро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфтаи Узоқова тақсимот аз рӯи синну сол нишон медиҳад, ки шумораи фавт дар байни занони ҳомилаи синну соли калонтари репродуктивӣ  дар кишвар кам гардида,  тайи ду соли охир фавти модар  дар байни наврасон ба қайд гирифта нашудааст.

Мақомот гуфт кай аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион мерасад

Дар кори ин ҷаласа ҳамчунин, муовини якуми вазири тандурустӣ  Саида Умарзода, муовинони вазир Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбари Муассисаи давлатии “Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон” Алиҷон Ғоибзода, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшо Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0