Раиси Хатлон ба пизишкони пешқадам 5 ҳазор сомонӣ дод

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади ҳавасмандкунии кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  озмуни “Ворисони Сино” дар сатҳи вилоят баргузор гардидааст

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон итилоъ медиҳад, ки аввалин барандагони озмуни вилоятии “Ворисони Сино” дар соли 2019  дар вилояти мазкур эълон шудаанд.

Мувофиқи низомномаи озмун ҳамасола шаш нафар кормандони соҳаи тиб барандаи озмун хоҳанд шуд.

Барандагони озмуни “Ворисони Сино” дар соли 2019  шаш нафар табибон, аз ҷумла мудири Маркази бемориҳои дили вилоят Иброҳим Мусоев, мудири шӯъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи вилоятии ба номи “Бури Воҳидов” дар шаҳри Бохтар Шералӣ Ҳодиев, муовини менеҷери КАТС-и шаҳри Бохтар Толибҷон Бекназаров, мудири Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили вилоят Шамсулло Олимзода, сардухтури Беморхонаи вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Кулоб Суҳроб Сайдалиев, сардухтури Беморхонаи вилоятии кӯдакона дар шаҳри Кӯлоб Муҳсиддин Қамаров эълон гардидаанд.

"Ғолибон, бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба табибон: кӯдаконро сари вақт муолиҷа кунед

Озмуни “Ворисони Сино” дар вилояти Хатлон дар ҳоле баргузор  гардид, ки қаблан раиси вилояти мазкур Қурбон Ҳакимзода эълон карда буд, ки ҳар корманди соҳаи тибби вилоят дар ҳоли ба корҳои илми даст  задан ва рисолаи номзадии худро ҳимоя кардан, соҳиби панҷ ҳазор сомонӣ хоҳад шуд.

Инчунин, тибқи гуфтаи раиси вилояти Хатлон, дар ҳоли рисолаи докторӣ ҳимоя намудан, ҳар табибе, ки дар вилояти мазкур кор ва фаъолият менамояд, аз ҷониби раиси вилоят бо даҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда хоҳад шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2019 сардухтури Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ва собиқ сардухтури Беморхонаи шаҳри Бохтар, яке аз ҷарроҳони номдори вилоят Файзалӣ Назаров, ки рисолаи доктории худро ҳимоя карда буд, аз тарафи раиси вилоят бо даҳ ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят айни замон 3 ҳазору 31 нафар  кормандони соҳаи тиб ба мардум хизмат мерасонанд, ки аз ин се нафар доктор  23 нафар номзади илмҳои тиб мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0