ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Рӯзи 28-уми август, вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вирадж Синх вохӯрдааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, сараввал, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода меҳмонро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор доштааст, ки робита ва ҳамкориҳои байни ду кишвар бо саъю кӯшишҳои дуҷонибаи роҳбарони ҳарду давлат дар арсаи ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн рӯ ба густариш ниҳодааст.
"Умедворем, ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари бо мо дӯст дар оянда боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт", - гуфтааст вазир.
Мулоқоти Ҳикматуллозода бо сафири навтаъини Ҳиндустон дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хусусияти фаромиллидошта, табодули назар кардаанд.
Манбаъ афзуда, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфтааст.