Чангу ғубор ва боди тунд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон то 1 сентябр

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи пешбинии ҳавошиносон, аз 31 август то 1 сентябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, дар ноҳияҳои алоҳида бод аз сӯи ғарб бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор боқӣ мемонад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Мужчина утоляет жажду прохладным айраном - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона    19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар   баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 12+17  ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо   суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 31+33  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0