Мақомоти афғон Толибонро дар марз мағлуб намуданд ва минтақаи Чоҳобро бозпас гирифтанд

© AP / Allauddin KhanЧлены террористического движения "Талибан" в Афганистане
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минтақаи ишғолкардаи Чоҳоб дер дар иҳотаи ҷангиёни Толиб намонда, мақомоти Афғонистон давоми як шабонарӯз онро раҳо намудан ва аз дасти ҷангҷӯён бозпас гирифтанд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ахиран ҷангиёни Толибон аз ҳудуди манотиқи Чоҳоб пеш карда шуданд, хабар медиҳад  Sputnik Афғонистон.

Военнослужащие афганской армии во время столкновения с талибами*, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Толибон чанд манотиқи наздимарзӣ бо Тоҷикистонро ишғол намуданд

Бар хабари манбаъ, мақомоти афғон пас аз даргирии як шабонарӯза тавонистанд ин минтақаро аз иҳотаи ҷангиёни Толиб раҳо намоянд.

Вале гуфта мешавад, то ин муддат Толибон чандин иншоотҳои ҳукуматии Афғонистон вокеъ дар ин минтақаро ба коми оташ заданд.

Музокироти Амрико ва Толибон: оё созишномаи сулҳ имзо мешавад?

Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷаи задухӯрҳои шадиди мақомоти амниятӣ дар ҳамдастӣ бо низомиёни Вазорати умури дохилаи ин кишвар, дасти кам 28 нафар ҷангиёни толиб кушта шуда, сарфармондеҳи онҳо Ҳикмат низ маҳв шудаст.

Зимнан гуфта мешавад, ки то ҳол даргири миёни ду ҷониб дар Афғонистон идома дорад. Феълан маълумотҳо дар мавриди осеб ва ё талафоти ҷонӣ миёни аҳолии осоиштаи ин кишвар руйи даст нест.

Писари Аҳмадшоҳи Масъуд хостори ташкили эътилоф зидди Толибон шуд

Лентаи хабарҳо
0