Суҳбати телефонии Раҳмон бо Лукашенко: аз орзуи сиҳатӣ то хизмат ба мардум

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВстреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Встреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Раҳмон Президенти Беларусро бо рӯйдоди хотирмон — ҷашни 65-солагии зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ карда, ба ӯ сиҳатмандии бардавому дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои навин бар нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намудааст.

"Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талошҳои пайваставу бунёдкоронаи Александр Лукашенкоро дар ҷодаи густариши ҳамаи ҷанбаҳои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус махсус таъкид карданд", - омадааст дар хабарнома.

Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
Варзоб, зодрӯз, яхмос ва меҳмондории Раҳмон: беҳтарин лаҳзаҳои МҲТБО дар гузориши аксӣ

Гаштугузори Раҳмон, Путин ва Лукашенко дар Минск: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни ду кишвар дар чорчӯби шарикии стратегӣ,  аз ҷумла тавассути татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти дар ҷараёни сафари расмии начандон деринаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беларус бадастомада, иброз доштаанд.

Куҷо биравем: Раҳмон роҳро ба Путин ва Лукашенко нишон дод – видеои мулоқоти ғайрирасмӣ

Лентаи хабарҳо
0