Ҷой нест: мушкили дастрасии донишҷӯёни Хуҷанд ба хобгоҳ -акс

© SputnikМушкилии донишҷӯён дар Хуҷанд
Мушкилии донишҷӯён дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз пагоҳ 1-уми сентябр дар мактабу донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон, соли нави хониш оғоз меёбад, аммо мушкили камбуди хобгоҳ, донишҷӯёнро ба изтироб овардааст

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Чанд рӯз аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров,  барои гирифтани роҳхат ба хобгоҳ навбат мепоянд.

Экзамен в локальном центре тестирования в филиале МГУ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳ ва хобгоҳ: мулоқоти раҳбарони донишгоҳҳо бо хатмкунандагон

Аз навбатпоии гурӯҳи донишҷӯён, собит мешавад, ки донишгоҳҳои Хуҷанд, имкони фаро гирифтани ҳамаи донишҷӯён бо хобгоҳҳоро надоранд ва ин мушкилоти асосии донишҷӯёни донишгоҳҳо боқӣ мемонад.

Мирзосаид Шонаимов, як донишҷӯи Хуҷанд, мегӯяд, камбуди хобгоҳ дар донишгоҳҳо ва мушкили гарон будани хонаи иҷора, ҳоло аксар донишҷӯёнро ба ташвиш овардааст.

“Соли гузашта арзиши иҷораи хонаи як ҳуҷрагӣ 500 сомонӣ буд, имсол соҳибони хонаҳо бо ин нарх хонаашонро ба иҷора намедиҳанд. Нархи иҷораро 600-700 сомонӣ шудааст”,- мегӯяд вай.

© SputnikМушкилии донишҷӯён дар Хуҷанд
Ҷой нест: мушкили дастрасии донишҷӯёни Хуҷанд ба хобгоҳ -акс - Sputnik Тоҷикистон
Мушкилии донишҷӯён дар Хуҷанд
Зимнан дар шаҳри Хуҷанд, чаҳор донишгоҳ: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехкиникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, фаъолият мекунанд ва дар онҳо ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Аммо ин донишгоҳҳо дар мувозинати худ як ва ё дутоӣ хобгоҳ доранд. Танҳо ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мувозинати худ чаҳор хобгоҳ дорад, ки дар онҳо  кам ё беш аз 2500 ҳазор донишҷӯ, аз шумори умумии беш аз 20 ҳазор нафара имкон дорад, ки роҳхат бигирад.
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон посетил Вахдад - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Балҷувон аз бинои Хадамоти муҳоҷират то хобгоҳ ва боғчаи кудакон ифтитоҳ кард

Дар чаҳор хобгоҳҳои ин донишгоҳ, ба донишҷӯёни ятим ва тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда барои роҳхатгирӣ бартарӣ дода мешавад.

Донишҷӯёни донишгоҳҳо дар Хуҷанд мегӯянд, агар онҳо бо хобгоҳ таъмин гарданд, имкон пайдо мекунанд, бо ҳамсабақони худ бештар ба омӯзиш машғул шаванд ва дар баробари ин сукунат дар хобгоҳ бартариятҳои хоси худро дорад ва риштаи дӯстиву бародариро мустаҳакамтар менамояд. Аммо мутассифона, таъмини донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд айни замон имкон надорад ва ин мушкилоти асосии донишгоҳҳо маҳсуб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0