ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Феълан пизишкони шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон вазъи саломатии ин духтарро ваҳим арзёбӣ мекунанд, хабар медиҳад сомонаи "Sugdnews".
Ба гуфтаи пизишкон ин беморхона, барои наҷот додани ҷони ӯ лозим шуд?то пойи чапи ӯро бурида партоянд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дасти чапаш низ дар ин ҳодиса сахт осеб дидаст.
Манбаъ меафзояд, ки ин хонандаи мактабро дар ҳолати беҳушӣ ва бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол доданд.
То ҳол пизишкони беморхона ҳамаи чораҳоро барои наҷот додани ҷони сокини ин минтақа андешида истодаанд ва мегӯянд, ки муолиҷаи ӯ дар беморхона на кам аз ду моҳ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз қабл дар қисмати марказии шаҳри Бӯстон духтари 13 - сола зери қатора монд.
Ба нақли шоҳидони ҳодиса духтарак саросемавор мехост роҳи қатораро убур кунад, вале ин замон зери қатора дармонд.
Гуфта мешавад, ҳарчанд ронанда ин духтарро дид ва кӯшиш кард ба таври изтирорӣ қатораро нигоҳ дорад, вале аллакай дер шуда буд.