Нишасти изтирории ҳавопаймои самти Петербург - Хуҷанд дар Екатеринбург

CC0 / Pixabay / Пассажирский самолет, архивное фото
Пассажирский самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймоҳи "Уралӣский авиалиния" танҳо пас аз нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Колсова ба идомаи парвоз самти Тоҷикистон давом дод

Ҳавопаймоҳи ширкати "Уралский авиалиния", ки самти Санкт- Петербург - Хуҷанд парвоз мекард? дар Екатеринбург нишасти изтирорӣ анҷом дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нишасти ҳавопаймои Душанбе – Маскав дар миёнароҳ ба далели вазъи саломатии сарнишин

Бар хабари манбаъ, ҳавопаймо пас аз бархӯрд бо селаи паррандаҳо маҷбур гардид дар фурудгоҳи Колсова фурӯд ояд.

"Омили ба таври фавқулода фурӯд омадани ҳавопаймо ба бархӯрди тайёра бо селаи паррандагон рабт дода мешавад", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Маълум гардидаст, ки ҳавопаймо бо 193 сарнишин ва чаҳор халабон аз шаҳри Санкт- Петербург самти Хуҷанди Тоҷикистон парвоз дошт.

Нишасти изтирории ҳавопаймо дар киштзор баъди парвоз аз фурудгоҳи Жуковский

Хабар дода мешавад, ки аснои фуруди изтирорӣ ҳеҷ нафар аз сарнишинон ва халабонҳо осеб надиданд.

Зимнан гуфта мешавад, ки пас азназаргузаронии ҳавопаймо коршиносон ягон зарари ҷиддиро дарёфт накарданд ва ҳавопаймо ба парвози худ идома дод.

Лентаи хабарҳо
0