Музокироти Амрико ва Толибон: оё созишномаи сулҳ имзо мешавад?

© AP / Mirwais KhanЧлены террористического движения "Талибан" в Афганистане
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Матни ин созишнома аллакай омода буда, дар ояндаи наздик аз ҷониби ду тараф ба имзо хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Авохири ҳафтаи ҷорӣ Амрико бо намояндагони Толибон созишномаи сулҳро ба имзо мерасонанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумоти собиқ фармондеҳи ин гурӯҳ Акбар Алӣ.

Ба изҳори собиқ фармондеҳи Толибон, феълан матни озишнома омода буда, дар интизори имзо шудан қарор дорад.

 "Ҷонибҳо ҳаматарафа ба мувофиқа расиданд ва матни созишномаро низ омода карданд....интизор меравад рӯзи шанбе ва ё якшанбе намояндагони Амрико ва Толибон онро ба имзо расонанд", - гуфтааст акбар Алӣ.

Бойцы Талибана в Провинции Нанганхар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Писари Аҳмадшоҳи Масъуд хостори ташкили эътилоф зидди Толибон шуд

Изҳороти собиқ фармондеҳи Толибон дар ҳолест, ки намояндаи ин гурӯҳи ҷангҷӯ дар Доха, Суҳайл Шоҳин изҳор доштаст, ки гуфтушунидҳо миёни намояндагони ду ҷониб дар ҳолӣ ҷараён қарор дорад ва то ҳол ба мувафиқае нарасидаанд.

Зимнан Шоҳин зикр намудаст, ки қабл аз ба мувофиқа расидани Амрико бо Толибон бояд нахуст чанд масоили баҳсбарангез ҳалли худро пайдо кунад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳайати намояндагии Амрико дар Доха рӯзи 22 август бо намояндагони Толибон сари мизи гуфтушунид нишастанд.

Лентаи хабарҳо
0