Табарзанӣ дар хонаи Табаровҳо: ҳамсарашро кушту падарашро маҷруҳ кард-видео

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷинояти мудҳиш дар оилаи Табаровҳо хабар додааст, ки бо ҷароҳату ҳалокати аъзои хонавода ва ҳабси муттаҳам анҷомидаст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, маъмурини милиса Насриддин Табарови 35-сола, зодаи ноҳияи Муъминобод, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми қатли ҳамсар ва захмӣ намудани падараш боздошт карданд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳодисаи мудҳиш рӯзи 13-уми августи соли равон рух дода, Табаров дар заминаи муноқишаи оилавӣ ҳамсараш – Тахминаи Пӯлодро бо табар зада куштааст ва падараш – Борон Табаровро маҷруҳ намудааст.

Қаблан ВУД хабар дода буд, ки муттаҳам ҳангоми дар хонаи падараш, марди 65-солаи сокини деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 28-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо табар як маротиба ба қисмати гарданаш зада, баъдан ба сару китфи падараш задааст.

“Дар натиҷа, ҳамсари номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Падараш бошад ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”, - таъкид шуда буд дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан алайҳи Насриддин Табаров бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0