ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар ду садамаи маргбор дар ноҳияиҳои Восеъ ва Мастчоҳ як ронанда ва дучархарон ба ҳалокат расидааст
Тавре манбаъ иттилоъ додааст рӯзи 29-уми августи соли равон ронандаи худрави “Опел-Астра”, Раҳмонов Эмомалӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон, Тошмадов Зоир Алимадович, соли таваллудаш 1960, сокини ҳамин ноҳияро пахш кардааст.
Дар натиҷа, дучархарон Тошмадов Зоир Алимадович ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 29-уми августи соли равон, ронандаи худрави “ВАЗ-21214”, Саидраҳмати Норзода, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Даштӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ҳангоми гардиш автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронанда Саидраҳмати Н. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳолокат расидааст.
Мусофири худрави мазкур, хурдсол Суфиев Муҳаммадҷон Абдуфатоевич, соли таваллудаш 2018, сокини деҳаи Оббурдон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.