Путин гуфт, чанд фарзанд дар оила дуруст аст - видео

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия теъдоди ба фикри ӯ муқаррарӣ ва дурусти фарзандон дар 1 оиларо гуфт

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Путин зимни мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи гебернатори вилояти Мурманск Андрей Чибич дар бораи шумораи фарзандон дар оила суҳбат кард, иттилоъ дод Кремл.

Новорожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мӯъҷиза: дар Қазоқистон зане дар ду моҳ ду фарзанд таваллуд кард

Раисиҷумҳури Русия, иддаои Чибисро, ки се фарзанд дар як оиларо теъдоди бузург гуфт, ислоҳ карда, таъкид намуд, ки ин теъдод бузург нест.

“Теъдоди бузург не, муқаррарист. Шумораи дуруст аст”, - таъкид намуд Путин зимни суҳбат дар бораи се фарзанд дар як оила.

Чибис ба Путин гуфт ба ҳар оила се фарзанд рост меояд, ки ин теъдоди бузур асту вазъро бояд тағйир дод. Аммо баъди посухи Путин, ки се фарзанд муқаррарӣ ва дуруст аст, Чибис гуфт, ки бале ин хуб аст.

Қаблан Путин дар Русия қонунеро ба тасвиб расонд, ки барои фарзанди якуму дуюм пардохтҳои муайянро муқаррар карда, барои оилаҳои серфарзанд сабукиҳои дигарро низ пешбинӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0