ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 моҳи сентябри имсол чаҳор бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Зимнан мунтахаби Тоҷикистон ба Манама парвоз менамояд ва рӯзҳои 29-ум ва 30-юми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ рақобат мекунад.