ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Давоми 7 моҳи охири соли равон табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Эрон беш аз 36 миллион долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.
Бар хабари манбаъ, муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар ахиран дар чараёни мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.
Зимнан бояд зикр намуд, ки феълан дар Тоҷикистон ширкатҳои эронӣ як қатор лоиҳаҳоро аз қабили сохтмони неругоҳи барқии "Сангтуда - 2" ва нақби "Истиқлол"- ро амалӣ намудаанд.
Тасмими Эрону Тоҷикистон дар бораи табодули бештари донишҷӯён
Гузашта аз ин дар Тоҷикистон як қатор ширкатҳои эронӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва нақлиётиро низ пиёда карда истодаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, феълан тиҷорати ду кишвар дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 36,2 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз ин миён беш аз 24,8 миллион доллар ба воридоти молҳои Эрон рост меояд.