ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки бо истифода аз кадом усул Дастин Пуареро мағлуб мекунад.
Бояд қайд намуд, ки муҳорибаи қарибулвуқӯъ бо варзишкори амрикоӣ барои Ҳабиб аз набарди дуюмаш барои ҳифозати камарбанди қаҳрамонии UFC дар вазни сабук ба ҳисоб меравад.
"Санаи 7 - уми сентябр уқоб ба сайд мебарояд. Аммо ин уқоби маъмулӣ набуда, балки уқоби гушна аст. Ин ду дарранда аз ҳам мутафовитанд. Одамро танҳо як чиз танбал мекнуад ,ки ин шиками сер аст. Дар ҳолати ман ин баръакс аст. Барои ман нахуст парвоз кардан лозим аст. Чизе тағйир наёфтаст. Мо чун пештара корамонро ба сомон мерасонем. Чун ҳамешагӣ шикорамон муваффақ анҷом меёбад", изҳор намудаст Нурмуҳаммадов дар сафҳаи Instagram.
Маврид ба зикр аст, ки рақобати Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Дастин Пуаре моҳи сентябри соли равон дар маркази Абу-Даби баргузор мегардад.
Бояд қайд намуд, ки Нурмуҳаммадов охирин муҳорибаро октябри соли гузашта бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегер анҷом дода унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабукро ҳифз намуда буд.
Барои пирӯз шудан дар муҳорибаи мазкур Ҳабиб 2 миллион доллари амрикоиро ба даст овард.