Кордкашии амаку ҷиян дар ноҳияи Б. Ғафуров

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 44 сола хабар медиҳад, ки дар сӯйи қасд ба ҷони амаки худ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 27 - уми августи соли равон тахминан соати 23:30 дақиқа дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додаст.

Насилие над женщинами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти Давлатов бо иттиҳоми кордзании духтари 17-сола дар Душанбе

Манбаъ меафзояд, кормандони милитсия сокини 44 - солаи кӯчаи Пуличуқури ҳамин ноҳияро дастгир намуданд, ки дар қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии амакаш гумонбар дониста мешавад.

Ҷанҷолу кордкашии ҷавонони 21-сола: яке маҳбасию дигаре дар беморхона бистарист

"Номбурда дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматияш бо амаки 58 - солаи худ муноқиша намуда бо корд як маротиба ба шикамаш задаст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта. дар беморхона бистарӣ гардидаст.

Натиҷаи мастӣ кунҷи зиндон: марди маст ҷавони роҳгузарро ду корд зад

ВУД тавзеҳ медиҳад, ки феълан далели шайъӣ гирифта шуда ,нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0