Раҳмон ба сарнозири Хадамоти гумрук медал дод

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Дмитрий Косяненко, сарнозири Хадамоти гумруки кишвар медал дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Дмитрий Косяненко, сарнозири Хадамоти гумруки кишвар медал дод  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар баробари намояндагони касбу кори дигар, сарнозири Хадамоти гумруки кишвар Дмитрий Косяненкоро низ бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Раисиҷумҳур фармон додааст, ки ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сарнозири Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон, подполковник Косьяненко Дмитрий Юревич бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон: санҷиши ғайринавбатии хазинаи сангу металҳо бо роҳбарии ноиби раиси КДАМ

Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, медалро ба Косяненко бевосита раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ супорид.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ҳамаи онҳое, ки бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишвар, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.

Бар асоси гузориши нашркардаи котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба шоир Озарахш, вазири маориф - Нуриддин Саид, вазири адлия - Рустам Шоҳмурод, вазири фарҳанг - Шамсиддин Орумбекзода, вазири тандурустӣ - Насим Олимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Фаррух Ҳамрализода, вазири умури хориҷӣ – Сироҷиддин Муҳриддин мукофот додааст.

Дар маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид кард.

Лентаи хабарҳо
0