Финал: Анушервони Рустам 2 гол заду “Спартак” Ҷоми Президентро гирифт-акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонАнушервони Рустам, футболбози наврас, писари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳангоми зарбазанӣ
Анушервони Рустам, футболбози наврас, писари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳангоми зарбазанӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футболи наврасони Хуҷанд - “Спартак”, ки дар ҳайати он Анӯшервони Рустам, набераи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бозӣ кард, барандаи Ҷоми Президент шуд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Равшан Юсупҷонов, мураббии “Спартак” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин даста бо пирӯзӣ бар дастаҳои “Ёвар” ва “Амирӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Анушервони Рустам, футболбози наврас, писари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳангоми зарбазанӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлагару дарвозабон: аксҳо аз голзанию голгардонии набераи Эмомалӣ Раҳмон дар пеши бобо

Даври финалии мусобиқа, рӯзи 24-уми август байни дастаҳои “Спартак” ва “Суғдиён”- и Хуҷанд доир гардида, ба ҳисоби 6: 4 ба фоидаи “Спартак” анҷом ёфт, иттилоъ дод Юсупҷонов.

Мураббии “Спартак” афзуд, бозии даври ниҳоӣ хеле пуршиддат ва шавқовар ҷараён гирифт ва се голи аввали  бозиро тими “Суғдиён” вориди дарвозаи ҳариф кард. Сипас футболбозони “Спартак” тактикаи бозии худро тағйир дода, бо задани шаш гол бо ҳисоби 6:4 ғолиб шудаанд. Ду голи бозии даври финалиро Анушервони Рустам задааст.

© акс аз бошгоҳи "Спартак"-и ХуҷандФутболбозони навраси бошгоҳи "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд
Финал: Анушервони Рустам 2 гол заду “Спартак” Ҷоми Президентро гирифт-акс - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозони навраси бошгоҳи "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд

Мусобиқаи футбол байни наврасон, барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми август байни дастаҳои “Спартак” ва “Ёвар”-и ноҳияи Б. Ғафуров дар варзишгоҳи осоишгоҳи “Баҳористон” оғоз шуда, то рӯзи 24-уми август давом кардааст. Дастаи “Спартак” дар бозии нахустин ба ҳисоби 6:1 “Ёвар”-и ноҳияи Б. Ғафуровро мағлуб намуда буд. Панҷ тӯби ин бозиро Анушервон вориди дарвозаи дастаи ҳариф карда буд.

Раисҷумҳур Раҳмон дар баробари нахустин бозӣ, инчунин дар даври финалии мусобиқа низ иштирок карда, ба ҳар кадом аз футболбозони дастаҳои “Спартак” ва “Суғдиён”-и Хуҷанд, дучарха, тӯб ва мукофоти пулӣ эъто кардааст.

Лентаи хабарҳо
0