Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Қазоқистон сазовори ҷои дуюм шуд

© ФФТ РТЮношеская сборная Таджикистана
Юношеская сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони наврасони то 16- солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ Ҷоми Президенти Қазоқистон барандаи медалҳои нуқра гардиданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони  то 16-  солаи  Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалӣ Ҷоми Президенти Қазоқистон ки 28  август дар шаҳри Нур-Султон ба анҷом расид, сазовори ҷои дуюм шуд.

Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи  мунтахаби наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон   дар бозии ниҳоӣ аз дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи   Қазоқистон   бо ҳисоби 0:3 шикаст хурданд.

Молодежная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Финал: Тоҷикистону Қазоқистон барои Ҷоми Президент рақобат хоҳанд кард
>

 Футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки бори дувоздаҳум доир гардид, бар ҳамсолонашон аз Арманистон ва Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 2:1 пирӯз шуда буданд ва дар гурӯҳи худ мақоми аввалро гирифта буданд.

Бояд  зикр кард, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон   барои ҷойи дуюм ба ҷуз аз медалҳои нуқра бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 000 доллари ИМА сарфароз гардид.

Дастаи ғолиб – дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) — бо медалҳои тилло ва 7 000 доллари ИМА мукофотонида шуд.

Ба  дастаи мунтахаби наврасони Литва (U-17), ки ҷойи сеюмро гирифт, медалҳои биринҷӣ ва 3 000 доллари ИМА тақдим гардид.

Бозингари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ аз рӯи натиҷагирии мусобиқа бо ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгари Ҷоми Президенти Қазоқистон сарфароз гашт.

Лентаи хабарҳо
0