ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бар асоси гузориши нашркардаи котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба шоир Озарахш, вазири маориф - Нуриддин Саид, вазири адлия - Рустам Шоҳмурод, вазири фарҳанг - Шамсиддин Орумбекзода, вазири тандурустӣ - Насим Олимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Фаррух Ҳамрализода, вазири умури хориҷӣ – Сироҷиддин Муҳриддин мукофот додааст.

Меҳриниссо Раҳматова, раиси ҷамаоти деҳоти Ворух, Далер Ҷумъа, роҳбари “Помир энержӣ” ва Шамсулло Соҳибов, соҳибкор ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон низ миёни афроде мебошанд, ки бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонда шудаанд.

Инчунин Абдуллозода Исматулло Файзулло, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мукофоти давлатӣ гирифтааст.

Дар миёни афроде, ки бо рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ шудаанд, генерал Шариф Назар, сардори раёсати умури дохилии Душанбе ва полковник Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нишон дода шудаанд.

Инчунин бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ гардид.
Бар асоси иттилои котибот, дар маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид кард.