ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Варзишгарони маъруфи кишвар – Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Токиои Ҷопон ҷараён дорад, ҷои панҷумро ишғол намудандиттилоъ додааст Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рӯзи сеюми чемпионат қувваозмоиҳои вазни -73 кило миёни писарон ва -57кг миёни духтарон сурат гирифт. Ду варзишгари Тоҷикистон – Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков 7-дастӣ гуштин гирифтанд.
Беҳрӯз дар даврҳои муқаддамотӣ бар варзишгарони Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд Очир), Куба (Магдиел Эстреда), Косова (Акил Гйакова), Чин (Салйинҷиригала) дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб шуд. Беҳрӯз сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар Тоҳар Битбули исроилӣ ғалаба кард, аммо дар рақобат барои медали биринҷӣ аз варзишгари рус Денис Йартсев шикаст хурда, ҷои панҷумро ишғол намуд.
Сомон Маҳмадбеков бар варзишгарони Капе Верде (Магнер Мендес), Шведсия (Томи Макиас), Молдова (Виктор Стерпу), Люксембург (Клаудиос Сантос) ғолиб омада, дар чорякфинал аз намояндаи Руссия Денис Йартсев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Билол Чилоғлуи туркро шикаст дода, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб гардид.
Дар ин вазн Шоҳеӣ Онои ҷопонӣ медали тилло, Рустам Оруҷови озарбойҷонӣ медали нуқраро сазовор шуданд.
Тавре кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, варзишгарони Тоҷикистон барои ҷои панҷум дар Чемпионати ҷаҳон сазовори 720-холӣ гардида, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ беҳтар намуданд.
Дирӯз – 26 август варзишгари мо Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг дар даври аввал аз ҳарифи испаниаш Алберто Мартин шикаст хурд.
Имрӯз қувваозмоиҳои вазни -81кг миёни мардон, -63кг миёни бонувон доир мегардад. Варзишгари мо Акмал Муродов миёни мардҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунад.