Парвандаи ҷиноӣ алайҳи чӯпони тоҷик

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкКорова крестьянско-фермерского хозяйства
Корова крестьянско-фермерского хозяйства - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи чӯпони 35-сола хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, чӯпон дар исрофкорӣ ва азонихудкунии чорвои калон муттаҳам мешавад.  Манбаъ афзуд, маъмурини милисаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисорро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир намуданд. 

Фермерское хозяйство в Чеченской Республике - Sputnik Тоҷикистон
Нархи гӯшт дар бозор дуздони чорворо ҳам фаъол кардааст: ошкори чанд ҳолати рабудани чорво

“Номбурда, рӯзи 25-уми августи соли 2019 барои нигоҳубин кардани чорвои марди 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудааст, вале номбурда 3-сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 18 000 сомониро ташкил медиҳад, азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид намуд, ки феълан алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи моддаи 245 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо дар бораи дуздии чорво дар Тоҷикистон зиёд расонаӣ мешаванд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон болоравии нархи гӯштро дар бозор ба афзоиши нархи чорво ва гарон шудани нархи хӯроки чорво рабт доданд.

Лентаи хабарҳо
0