ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар назар аст, ки 25 истгоҳи нав дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе бунёд гарданд.
“Тибқи нақша, масъулин тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2019 сохтмони ин истгоҳҳоро ба анҷом расонида, онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Алҳол дар пойтахт зиёда аз 76 адад истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли шаҳрдорӣ.
Манбаъ афзуд, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа онҳо аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замону шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.
Ҳамчунин тибқи лоиҳа, дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст.
Манбаъ зикр намудааст, ки истгоҳҳои муосир дар асоси лоиҳаи ҶДММ “ҶиЭм-Партнёр” дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардида, рӯнамоии намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд.
Аввалин истгоҳҳои замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр аз назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт — майдони Сарҳадчиён бунёд шуданд.