Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои камабру бебориш дар назар аст

© Pexels / Manzarjon RahimovГорный комплекс Чилдухтарон (Сорок девушек)
Горный комплекс Чилдухтарон (Сорок девушек) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон пешгӯӣ намудааст, ки имрӯз обу ҳавои ҷумҳурӣ камабру бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 35+37  дараҷа гарм мешавад.

Горный туризм, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Камабру бебориш: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабру бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона 16+21  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  ҳам мисли пойтахт камабру бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона    23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0